Пешвои миллат: Истифода аз фондҳои ҷаҳонии сармоягузорӣ саривақтӣ ва муҳим мебошад
Душанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Буҳронҳои молиявию иқтисодии солҳои охир кӯшишҳои кишварҳоро ҷиҳати амалӣ гардонидани барномаву лоиҳаҳо дар соҳаи об коста мегардонанд. Ба ин манзур дастгирии ташаббусҳо оид ба беҳтар гардонидани маблағгузории соҳаи об, аз ҷумла бо истифода аз фондҳои ҷаҳонии сармоягузории мавҷуда, ба монанди «Фонди иқлими сабз» саривақтӣ ва муҳим мебошад»,-иброз доштанд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар Маҷористон.
Бино ба гуфтаи Пешвои миллат, ин амалия барои кишварҳои камтараққӣ ва дар ҳоли рушд қарордошта басо муҳим аст.
Тибқи ҳисобҳо сармоягузорӣ дар самти беҳтар намудани идоракунии захираҳои об танҳо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо маблағи аз понздаҳ то сӣ миллиард доллари амрикоӣ, метавонад дар ҳаҷми то ду баробар зиёд даромади мустақим орад.
«Навсозии инфрасохтори мавҷуда ва бунёди нави он, инчунин ҷалби технологияҳои нав барои ин мақсадҳо дар таъмини истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об нақши калидӣ хоҳад дошт.
Ба ин васила ҷиҳати таъмини амният дар соҳаи об саҳми назаррасе гузошта мешавад»,-илова намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






