Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳамкориву шарикии созанда тақозои замон аст»
Душанбе, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Саммити оби Будапешт изҳор кард, ки ба Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид намудани масъалаҳои сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об, ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об аз дастовардҳои муҳими талошҳои муштараки чанд соли ахири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
«Ҷойи шубҳа нест, ки хавфи сар задани буҳронҳои обӣ бинобар афзоиши шумораи аҳолии сайёраи мо ва коҳиш ёфтани захираҳои об тамоюли афзоишро касб хоҳад кард. Тахмин меравад, ки то ахири даҳсолаи ҷорӣ дар ҳудуди ду миллиард аҳолии кураи Замин ба мушкили камбуди мутлақи об дучор хоҳад гардид», — омадааст дар суханронии Сарвари давлат.
«Дар шароити ниёзмандии рӯзафзуни ҷаҳонӣ ба об ҳамкориву шарикии созанда дар ин арсаҳо тақозои замон аст», — изҳор кард Сарвари давлати тоҷикон дар Саммити оби Будапешт.
Хотиррасон мекунем, ки 28 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуданд.








Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд






