Рустам Назарзода «Эъломияи Душанбе»-ро муаррифӣ кард

Ноябрь 4, 2016 15:48

22_0Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкат дар маросими ифтитоҳи Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо «Эъломияи Душанбе»-ро муаррифӣ кард.
Тавре аз ин Кумита ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Рустам Назарзода зимни суханронӣ аз номи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ «Эъломияи Душанбе»-ро, ки 12-уми июли соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоти аввалини Платформаи Минтақавӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо қабул шуда буд, муаррифӣ кард.
Инчунин бо мақсади тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ Рустам Назарзода бо хонум Шамшод Ахтар, котиби иҷроияи Комиссияи Иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAPE), Роберт Глассер, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои коҳиши зарар аз офатҳо ва Кирен Раҷиджу, вазири федералии умури дохилии Ҳинд мулоқот кард.
Маврид ба ёдоварист, ки дар кори конфронс вазирон ва сарварон аз 56 кишвари олам, ҳамчунин 20 созмони байналмилалӣ иштирок доранд. Қарор аст дар поёни конфронс Нақшаи татбиқи барномаи қолабии Сендай ва Эъломияи Деҳлии Нав қабул шаванд.

Ноябрь 4, 2016 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад