Сарбозону афсарони қисми низомии 6592: «Чун сипари боэътимод кишвари сулҳофари худро ҳимоя мекунем!»

Ноябрь 9, 2016 12:01

6592Душанбе, 09.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, воқеъ дар шаҳри Турсунзода рафта, бо сарбозону афсарони ин ниҳод вохӯрд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои дохилӣ бо ҷараёни хизматбарии сарбозону афсарон шинос шуда, бо онҳо аз наздик суҳбат намуд.
Рамазон Раҳимзода сарбозону афсарони қисми низомии мазкурро ба муносибати Рӯзи милитсия табрик намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳифзу муқаддас доштани Ватани азиз сарбаландӣ ва музаффарият таманно кард.
Сарбозону афсарони қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД аз шароити созгор ба роҳбарияти Вазорати корҳои изҳори сипос намуда, бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва шукуфоии Тоҷикистон баён намуданд, ки «ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат ба обу хоки ин Ватан содиқ монда, ҳифзи марзу буми диёри хешро вазифаи муқаддаси худ медонанд ва ҳамеша омодаанд, ки ҳамчун сипари боэътимод кишвари сулҳофари худро ҳимоя намоянд».

Ноябрь 9, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад