Шиносоии Сарвари давлат аз фаъолияти Фермаи чорводории навтаъсиси «Абдурауф Юсупов» дар шаҳри Ҳисор

Ноябрь 5, 2016 10:48

Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Фермаи чорводории навтаъсиси «Абдурауф Юсупов» шинос шуд. Тибқи иттилоъ бунёди фермаи човодорӣ 27 августи соли 2013 аз ҷониби ҶДММ «Абдурауф Юсупов», фармоиш шуда корҳои сохтмониро ҶДММ «Абдурауф Юсупов» ба анҷом расонидааст. Дар асоси лоиҳаи Корхонаи фаръии воҳиди давлатии лоиҳакаши шаҳри Ҳисор корҳои сохтмонӣ бо арзиши умумии 10 млн. 834 ҳазор сомонӣ соли ҷорӣ ба анҷом расонида шудааст.

Масоҳати умумии бино 14 ҳазору 274 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар фермаи мазкур 240 сар модагови ширдеҳ ва 410 сар ғуноҷини зоти сиёҳалои тоҷикӣ парвариш карда мешавад, ки аз нутфаи зоти Голштини олмонӣ дурагашуда, ба иқлими Тоҷикистон тобовар гардонида шудаанд.

Аз рафти корҳои ба анҷом расида ва парвариши чорво масъулон ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки маҳсулнокии шир дар соли 2012 агар ба 800 литр баробар буд, пас дар соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 3500 литр расидааст. Маҳсулоти ферма ба Комбинати шири шаҳри Душанбе фиристода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки фермаи мазкур барои душидани чорво технологияи ҳозиразамони аврупоиро ворид намудааст, ки қувваи ками меҳнатиро талаб намуда, дар як баст 32 гови ҷӯшоро медушад. Агар пеш барои душидани 32 гов як говҷуш беш аз як соат вақт сарф мекард, пас имрӯз дар давоми 10 то 15 дақиқа ин кор анҷом дода мешавад. Ҳамзамон шири истеҳсолшуда тавассути дастгоҳи махсус ба яхдон ворид шуда, пас аз сард кардан ба шаҳри Душанбе равона карда мешавад, ки баҳри таъмини сифати маҳсулот имконияти бештар медиҳад.

Ба Сардори давлат иттилоъ дода шуд, ки вазнгирии чорво дар ин ферма нисбатан беҳ гардидааст. Таври мисол агар дар соли 2013 дар як шабонарӯз тибқи ҳисоби миёна як чорво 200 грамм вазн мегирифт, ҳоло вазнгирии чорво ба 650 грамм расонида шудааст.

Дар фермаи мазкур беш аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки аз ин шумора 6 нафар мутахассиси дорои маълумоти олӣ, 2 нафар миёнаи техникӣ, 43 нафар миёнаи нопурра мебошанд. Музди маоши коргарон дар як моҳ зиёда аз 1000 сомониро ташкил дода, бо хуроки гарм низ таъмин карда мешаванд. Барои баланд бардоштани малакаи коргарон олимон аз хориҷ низ даъват карда шуда тарзу усули нигоҳубини чорво омӯзонида мешавад.

Роҳбарияти фермаи мазкур нақша доранд, ки дар ояндаи наздик бо насбу васли технологияи ҳозирамон коркарди шири истеҳсол мешударро ба роҳ монда сокинони шаҳри Ҳисор ва шаҳри Душанберо бо маҳсулоти ватанӣ таъмин созанд.

30751007756_9e425eba82_z

Ноябрь 5, 2016 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон