Журналисти тоҷик сазовори ҷоизаи махсуси «Комсомолская правда» гашт

Ноябрь 11, 2016 10:53

nasrullo-tujchizoda-2Душанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Журналисти тоҷик, котиби масъули маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» Насрулло Тўйчизода барои иштирок дар озмуни байналмилалии журналистии «Наслҳои ҷаҳон («Поколение мира») сазовори ҷоизаи махсуси нашрияи «Комсомольская правда» гардид. Бино ба гуфтаи Н. Тӯйчизода, ин ҷоиза ба се нафар хабарнигор- Анастасия Хатиашвили аз Гурҷистон, Елена Маркова аз Русия ва ба ӯ барои силсилаи мақолаҳо дар бораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон супорида шуд.
Озмуни мазкур аввали соли равон аз ҷониби Хазинаи байналмилалии «Русский мир» эълон шуда, ба он беш аз 130 кори журналистони давлатҳои гуногун пешниҳод гардиданд. Нашрияи «Комсомолская правда» тасмим гирифт, дар қатори муассисон, барои се хабарнигор ҷоизаи махсуси худро таъсис диҳад.
Ҷоиза дар доираи баргузории Ассамблеяи 10-умини Хазинаи «Русский мир» дар шаҳри Маскав аз ҷониби роҳбари Департаменти ҳуқуқи муаллифӣ ва лоиҳаҳои байналмилалии ҶС «Хонаи ноширони Комсомольская правда» Татяна Митюсова ба хабарнигори тоҷик Насрулло Тўйчизода супорида шуд.
Т. Митюсова иброз дошт, ки аз байни маводи зиёди эҷодии журналистон навиштаи ин се журналист бо нигоҳи тоза дар ҷодаи журналистӣ ва тарзи баёни худ фарқ мекарданд.

nasrullo-tujchizoda-5

Ноябрь 11, 2016 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад