15 миллион сомонӣ барои бунёди мактаби маркази ноҳияи Ванҷ ҷудо гардид

Декабрь 2, 2016 11:37

Хоруғ, 02.12. 2016 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ноҳияи Ванҷ  сохтмони бинои се муассисаи таҳсилоти умумӣ  оғоз гардид, ки калонтарини он бинои муассисаи таҳсилоти умумии № 4 мебошад.
Бинои замонавӣ аз се ошёна иборат буда, барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст. Ба иттилои роҳбари таълимгоҳи мазкур Вазирбек Нағзибеков, бинои кӯҳна дар аввали солҳои 70-ум бунёд карда шуда буд ва бо мурури замон аксарияти синфхонаҳо бар асари барфу борон ва зилзилаҳо харобу фарсуда шуданд.
«Таълиму тадрис дар чунин синфхонаҳо на ҳама вақт мутобиқ ба низомномаи маориф сурат мегирифт. Омӯзгорон ҳар сари чанд вақт барои такмили дониш ва омӯзиши усулҳои нави таълим дар  машваратҳо ширкат меварзанд, аммо ба иллати мавҷуд набудани шароити мусоид таҷрибаи андӯхтаашонро дар амал татбиқ карда наметавонанд. Аз оғоз шудани сохтмони бинои муосири таълимӣ омӯзгорону хонандагон ва волидон хеле хушҳол буда, ба Ҳукумати кишвар барои чунин ғамхорӣ изҳори сипос менамоянд»,-илова намуд Вазирбек Нағзибеков.
Барои бунёди таълимгоҳи мазкур  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар 15 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст.
Ба иттилои муҳандиси сохтмон Воҳид Искандаров, бино аз се ошёна, 37 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ иборат буда, дар айни ҳол дар ин сохтмон 30 нафар аз коргарони маҳаллӣ ба кор машғул мебошанд.
Соли гузашта Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи маорифи ВМКБ 100 миллион сомонӣ ва соли равон бошад, 106 миллион сомонӣ ихтисос додааст.

Декабрь 2, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид