А. Солеҳзода: «Дар фаъолияти ДМИТ муваффақиятҳои назаррас ба даст омадаанд»

Декабрь 16, 2016 15:00

suratoi-donishkadai-moliya-va-iktisod-1ДУШАНБЕ, 16.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва кормандон баргузор шуд. Дар он Маҳмудхон Шоев, муовини сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, ҳисоботи ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДМИТ дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишкада дар муддати соли ҳисоботӣ буд.
«Ҷамъбасти соли 2016 бозгӯи он аст, ки дар фаъолияти ДМИТ муваффақиятҳои назаррас ба даст омадаанд, ки натиҷаи ташкили дурусти раванди таълим, роҳбарӣ, дастгирӣ ва назорати мунтазами фаъолияти ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва тамоми кормандон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳсулнокии меҳнати кормандони донишкада дар ҳамаи самтҳои фаъолияти таълимӣ беҳтар гардидааст. Дар соли ҳисоботӣ донишкада дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар байни 33 муассиса ҷойи чорумро сазовор гашт. Ҳамчунин донишкада дар озмуни «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» аз рӯйи бахши «Шароити мусоид» (фароҳам овардани шароит барои таҳсил ва зист) ғолиб омада, бо Ҷом ва Диплом мукофотонида шуд»,-зикр кард Ашурбой Солеҳзода.
Дар баробари қаноатмандӣ аз пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ, ҳамзамон ректор ба нуктаҳое таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки онҳо метавонанд дар рушди таълимгоҳ монеа эҷод намоянд. Аз ҷумла, ӯ иҷро нагардидани нақшаи нашр, бо сабаби нокифоя будани шумораи мақолаҳои илмӣ ба таъхир афтодани чопи маҷаллаи илмии «Паёми ДМИТ», ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул нашудани бархе аз муаллимони калон, камбудиҳо дар фаъолияти кории баъзе аз кураторон ва камбудиҳои ҷузъии фаъолияти сохторҳои алоҳидаро чун тақвияти эродҳои зикршуда таъкид кард.

Декабрь 16, 2016 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад