Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Декабрь 5, 2016 16:20

Душанбе, 05.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Мӯҳтарам Шавкат Миромонович,

Дар иртибот ба пирузии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо камоли хушнудӣ ва аз самими қалб ба Шумо беҳтарин табрикот ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.

Интихоби Шумо ба ин маснади воломақому ҳамзамон сермасъул далели возеҳи ҷонибдории васеи мардуми Ӯзбекистон аз роҳи сиёсии интихобкардаи Шумо мебошад, ки ба мунтазам боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум, таҳкими минбаъдаи сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа нигаронда шудааст.

Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушди бемайлони муносибатҳои дӯстиву неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.

Итминон дорам, ки идомаи ҳамкории судманду самаранок миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷавобгӯи манфиатҳои асили мардумони мо мебошад. Халқҳои моро анъанаҳои чандинасраи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила, ки аз даврони мутафаккирони бузурги Машриқзамин Ҷомӣ ва Навоӣ маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд.

Нигоҳ доштан ва васеъ гардонидани заминаи мусоиди мероси созандаи таърихии муносибатҳои мардумонамон бар дӯши мо масъулияти бузургеро вогузор менамояд ва мо омодаем, ки дар ин ҷода якҷо бо Шумо саъю талошҳои заруриро ба харҷ диҳем.

Ба Шумо, мӯҳтарам Шавкат Миромонович, сиҳатии комил, саодатмандиву хушрӯзӣ, дар фаъолияти давлатиатон дастовардҳои нав ба нав ба манзури рушду тараққии Ӯзбекистони дӯст ва ба мардуми барои мо бародари он сулҳу субот ва пешравии бардавом орзумандам».

Декабрь 5, 2016 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд