Беш аз 166 миллион сомонӣ хисорот дар натиҷаи 55 ҳолати фавқулодаи табиӣ
ДУШАНБЕ, 20.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. 55 офати табиии соли 2016 рухдода ба кишвар 161 миллиону 336 ҳазору 200 сомонӣ зарар овардааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.
«Бар асари ин офатҳо 20 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд, ки 17 нафари онҳо сокинони вилояти Суғд, 2 нафар аз вилояти Хатлон ва як нафари дигар сокини минтақаи Рашт буданд. Бар асари офатҳои табиӣ, аз қабили заминларза, шамол, боронҳои зиёд ва омадани сел соли 2016 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хисороти калони моддӣ расид. Аз ҷумла, 1060 хона зарар дида, аз ин миқдор 101 хона пурра хароб гардид,-хабар дод манбаъ.
Ба иншооти иқтисодии мамлакат бештар аз 117 миллион сомонӣ зарар расид. Зиёда аз 12 ҳазору 936 гектар замини киштзор ва 132,8 гектар ҷангалзор низ хароб шудааст.
Бар асари офатҳои табиӣ 1246 сар ҳайвон, 315 адад парранда, 56 қутти пилла, 652 оилаи занбӯри асал, 9,3 тонна моҳӣ талаф ёфтааст.
Имсол бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати кишвар оид ба ҳолатҳои фавқулода ба хонаводаҳои аз офат зарардида ба маблағи 4 миллиону 528 ҳазор сомонӣ кумаки яквақта расонида шуд.
«Дар давоми соли 2016 аз тарафи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳое, ки аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рўдакӣ, Рашт, Тоҷикобод зарар диданд, ба миқдори зарурӣ маводи хўрокӣ, масолеҳи сохтмон, хайма ва ҷиҳози рўзгор ҷудо гардида, тавассути техникаи боркаши Кумита ба минтақаҳои офатзада интиқол дода шуд»,-зикр кард манбаъ.








Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






