Бозии аввалини таҷрибавии «Ҳосилот»-и Фархор бо КМВА «Помир» бо ғалаба анҷом ёфт

Декабрь 26, 2016 11:10

ДУШАНБЕ, 26.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дастаи «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони сеюми Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо КМВА «Помир» бозии таҷрибавӣ барпо карда, бо натиҷаи 2:0 ғолиб омад. Дар қисми дуюми бозӣ дар дақиқаи 47-ум собиқ бозингари КМВА «Помир» Шодибек Ғаффоров, ки ҳоло дар ҳайати дастаи «Ҳосилот» ҳунарнамоӣ дорад, ҳисобро боз кард. Баъди 28 дақиқа муҳофизатгари «Помир» Фурӯғ Қодиров бо автоголаш ҳисобро тағйир дод ва дастпарварони Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд.
Дар идомаи тайёриҳо «Ҳосилот» 27 декабр бо чемпиони Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанбе бозии дуюми таҷрибавӣ ва санҷишии худро барпо мекунад. Оғози вохӯрӣ дар соати 12:00.
«Хосилот» дар вохӯрӣ бо КМВА «Помир» бо чунин ҳайат ба майдон омад.
Рустам Ризоев (Фатҳулло Бобоев, 46), Мусо Содиқ, Ойбек Абдуғаффоров (Агблей Джонес, 65), Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов (Фаррух Фузайлов, 72), Абдусамад Хоҷибоев (Бахтиёр Қаландаров, 46), Муҳаммадҷони Ҳасан (Саидалии Сафаралӣ, 70), Ҳикматулло Расулов (Акуффо Гершон, 52), Сайриддин Ғаффоров (Хайрулло Азизов, 46), Иброҳим Рабимов, Абдурасул Раҳмонов (Шодибек Ғаффоров, 46).

Декабрь 26, 2016 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад