Дар Кумитаи рушди маҳал барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар он муовини раиси Кумита Тоҷиддин Ҷӯразода вобаста ба барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ бо овардани далелу арқоми боварибахш сухан гуфта, иҷрои онро воқеӣ хонд.
Дар ҷаласа сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Саидмурод Ҳалимов оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028 аз ҷумла гуфт: «Дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 8 ҳазор пиряхҳои хурду бузург ҷой доранд. Мамлакати мо дорои қариб 2000 ҳазор кӯл ва обанборҳои хурду бузург мебошад. Дарёҳое, ки дар масофаи беш аз 10 километр ҷорӣ мешаванд, 974- то буда, дарозии умумии онҳо ба 28 500 километр мерасад. Бо чунин захираи бузурги об кишвари мо на танҳо худ, балки кишварҳои минтақаро низ метавонад пурра бо об таъмин намояд. Дар ин бора борҳо Пешвои миллат дар суханрониҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ изҳори назар кардаанд».
Дар ҷаласаи Кумитаи рушди маҳал масъалаи соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 мавриди назар қарор дода шуд. Сармутахассиси Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумита Солор Салоҳиддинов гуфт, ки соли ҷавонон барои мо имтиҳон ва масъулияти бузург аст. Мо бояд онро бо меҳнати содиқона ва иқдомҳои созандаи ватанпарастона пешвоз гирифта, пайрави асили Пешвои миллат бошем.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






