Дар ноҳияи Рашт 2 нафарро ба муҳлати панҷсолӣ аз озодӣ маҳрум карданд
Рашт, 01.12.2016./АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Рашт парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Худойдод Самадов, соли таваллудаш 1993 ва Абубакр Миров, соли таваллудаш 1988, ки ҳарду ҳам оиладор ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт, ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи деҳаи Навдонак мебошанд, бо моддаи 3073 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. Маълум гардид, ки ҷинояткорон тахминан моҳҳои феврал-марти соли 2015 дар масҷиди марказии шаҳри Рязани Русия бо Юсуф Гаҷиев ном сокини Ҷумҳурии Доғистон шинос шуда, ба иттиҳоди экстремистии онҳо шомил гардидаанд. Онҳо дидаву дониста дар таълимоту ташвиқот ва амри маъруфҳои гурӯҳи Юсуф Гаҷиев, ки хусусияти ифротӣ дошта, мансуб ба ақидаҳои иттиҳоди экстремистии «Салафия» ва мухолифи таълимоти мазҳабҳои суннатии дини Ислом мебошанд, иштирок кардаанд.
Дар натиҷа суд ҷинояткоронро бо моддаи 3073 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 5 (панҷ) солӣ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр аз озодӣ маҳрум намуд.