Дар Суғд барои 1061 нафар шаҳрвандон ҷойи кор муҳайё гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ соли равон ба иқтисодиёти вилояти Суғд ба маблағи 230,7 млн. доллари ИМА сармоягузории хориҷӣ ва 28,2 млн. доллари ИМА сармояи дохилӣ ҷалб гардид. Дар маҷмӯъ суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2015, 123,8 фоизро ташкил дод. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд.
«Дар натиҷаи ҷалби сармояи дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иқтидорҳои нав ба кор андохта шуда, барои 1061 нафар шаҳрвандон ҷойи кор муҳайё гардид. Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон ба вилоят ба маблағи 110,5 млн. доллари ИМА сармояи мустақим ворид гардид»,-зикр кард манбаъ.
«Зиёдшавии воридоти сармояи мустақим нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта асосан аз ҳисоби ворид шудани сармояи мустақим ба КМ ҶДММ «Алфапэт» ба маблағи 650 ҳазор доллари ИМА, ҶДММ «Нуқрафом» 105 ҳазор доллари ИМА, ҶДММ «Хуаксин Ғаюр-Суғдсемент» 25,7 млн. доллари ИМА, ҶСП «Бонки Эсхата» 1,5 млн. доллари ИМА, ҶДММ «Суғд Пак» 1,9 млн. доллари ИМА ва ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» 80,4 млн. доллари ИМА таъмин гардид»,- афзуд манбаъ.
Дар қаламрави вилоят ҳоло 19 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд. Маблағҳои азхудшуда аз аввали татбиқи ин лоиҳаҳо 200,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуда, дар моҳҳои январ-ноябри соли равон ин рақам ба 48,7 млн. доллари ИМА баробар шуд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






