Инъикоси сиёсати хориҷӣ дар Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 23.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсони фаъоли ҷомеа дар шаҳри Душанбе ироа карда шуд. Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баъди 25 соли рушду инкишофи Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон расонида шуд. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат тамоми дастовардҳои кишвар дар тўли 25 соли истиқлолият баён гашта, дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодию соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои мушаххас дода шуд. Вобаста ба назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, Пешвои миллат соли 2017-ро соли ҷавонон эълон карданд. Дар соли 2016 барои таъмин намудани рушду инкишофи минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул шуда буд.
Барои ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли 25 соли соҳибистиқлолӣ сиёсати «дарҳои кушода» нақши муҳимро иҷро кард. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инъикоси самтҳои сиёсати хориҷӣ низ диққати махсус дода шуд. Минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷониба барои ҳифзи амнияти худ ва минтақа бо кишварҳои ҳамҷавор бо василаҳои сиёсиву дипломатӣ барои ҳалли таҳдиду хатарҳои замони муосир тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд муносибатҳои дўстонаи худро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, робитаҳои созанда ва ояндасози худро бар пояи дӯстию эҳтиром ва баробарии ҳамдигар дар арсаи байналмиллалӣ рушду инкишоф медиҳад. Дар муносибатҳои дуҷониба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони стратегии худ Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Қазоқистон минбаъд низ барои рушду инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими дутарафа саҳмгузор шуда, дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳамкории муассири худро тақвият ва таҳким хоҳад бахшид.
Дар муносибатҳои бисёрҷониба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ дар оянда низ ҳамкории амалиро тақвият хоҳад дод. Аз ҷумла, бо Созмони Миллали Муттаҳид ба хотири бартараф намудани хатарҳои муҳими замони муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм барои сулҳу субот дар минтақаву ҷаҳон бар асоси санадҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ тадбирандешӣ менамояд. Бештари ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла пешниҳод дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардид, ки ин низ барои рушди кишвари мо мусоидат мекунад. Дар муносибат бо СҲШ, СПАД, ИДМ, САҲА ва дигар ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро пеша менамояд. Барои сохтмони иншооти бузургу миёна, заводу корхонаҳо ва рушду инкишофи кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқ ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорӣ бо ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ ҳамкорӣ менамояд.
Инчунин дар Паём ироа карда шуд, ки ҳадафҳои аслии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ (1), фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат (2) ва мусоидат ба таҳкими пояҳои истиқлолу соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон (3) нигаронида мешавад. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи манфиатҳои миллӣ яке аз авлавиятҳои аслӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба эътибор гирифтани манфиатҳои онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъмини аминияти миллӣ нақши калидиро иҷро менамояд.
Т. АЗИМЗОДА,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад






