Конфронси амалӣ «Об барои рушди устувор»

Декабрь 30, 2016 17:10

ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, конфронси илмӣ- амалӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз вазорат хабар доданд, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ҳозиринро бо қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» табрик намуда, зикр кард, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин Қатънома қабул гардид.
Дар Қатъномаи эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 махсусан зикр шудааст, ки «манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд ва барои рушди захираҳои инсон комилан заруранд. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалии мувофиқашуда аҳамияти аввалиндараҷа доранд».
Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 25-соли соҳибистиқлолӣ дар миқёси ҷаҳон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари созанда обрӯ ва эътибори хосса пайдо намуд. Маҳз бо корнома ва пайкорҳои Пешвои миллат тоҷикон тавонистанд, ки дар заминаи арзишҳои умумимиллӣ ва таърихии худ аз нав ба ҳам омада, қадами созанда гузоранд.

Декабрь 30, 2016 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд