Лутфулло Давлатзода: «Соли 2016 барои театр соли пурфайз буд»

Декабрь 31, 2016 11:08

davlatzoda-lutfulloДУШАНБЕ, 31.12.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2016 Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ 6 намоиш  таҳия  намуда, манзури  тамошобинон гардонид, ки  дар таърихи  театр  воқеаи  хотирмон арзёбӣ мегардад.  Дар ин бора директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар ин муддат        намоишҳои «Найи сеҳрнок»-и Ф. Тошмуҳаммадов, «Хандаи  харчанг»-и  Ҷ. Марелл, «Чархи гардон»-и Н. Табаров, «Чодари найранг»-и Т. Аҳмадхонов, «Пизишки паррон»-и Ж. Б. Молйер, «Аёдат»-и Ҳ. Раҳмат, «Муҳаббат»-и М. Ш. Сайфиддиновҳо,  «Занги бемаҳал»-и А. Ҳамдам   ва  намоиш барои кӯдакон «Буратино ва Гарри Поттер»   ба тамошобинон  манзур  шуданд.

Ба андешаи Л. Давлатзода, воқеаи дигаре, ки дар ин сол дар ёди мо нақш баст, ин сафари ҳунармандони театр ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон, Рашт, Тоҷикобод ва Нуробод мебошад, ки ба натиҷаҳои  судманду  пурсамар  хотима ёфт. Меҳнаткашону  сокинони ин минтақаҳо   аз ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои  маъруфи театри тоҷик  ва ҷавонони эҷодкори он таассуроти  амиқ бардошта, ғановати зиёди маънавӣ ҳосил намуданд. Аз ҷониби онҳо таъкид гардид, ки  ҷавҳари маънавию тарбиявии намоишҳои театр  ба мардум дар  ҷодаи худшиносиву  ифтихори миллӣ, ахлоқу одоби ҳамида, баланд бардоштани фарҳангу  маърифати эшон муфид аст.

Ҳамчунин  ду намоиши ғайринақшавӣ  «Санам ва Ғулом»-и Н. Абдулло аз рӯи «Эзоп»-и Г. Фигерейдо дар таҳияи Н. Абдуллоев  ва моноспектакли «Қайдҳои як марди девона»-и Н.В. Гогол дар таҳия ва иҷрои Қ. Собир, ки ҳунармандони  театр  мустақилона  рӯи саҳна оварданд, аз ҷониби Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Шӯрои бадеии театр баҳои баланд гирифтанд.

Л. Давлатзода изҳор дошт ки театр, ки воситаи пуриқтидори таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон маҳсуб мешавад, дар тарбияи худшиносӣ, ҳисси миллии мардум, махсусан ҷавонон нақши муҳим бозида, дар ташаккули маънавии аҳли ҷомеа, шинохти рисолати таърихӣ ва густариши эҳсоси ватандорӣ таъсири амиқ ва арзишманд дорад.

Зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин хаёлан худро ба қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро тарбият мебахшад ва ҳамзамон ба кирдори қаҳрамонҳои манфӣ нафрат пайдо мекунад.

Театр ва дар маҷмӯъ фарҳанг дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти миллист. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд.

Ба ақидаи Л. Давлатзода, имрӯз ҳар як ҳунарманд ва ҳар як коргардону драматург бояд талош варзад, ки фарҳанги миллиро бо тамоми ҷузъиёташ ҳифз карда, густариш диҳад, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд ва ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ барои наслҳои оянда ба мерос гузорад. Ин рисолати ҳар фарди соҳибватан, аз ҷумла аҳли фарҳангу ҳунар мебошад.

Театри ба номи А. Лоҳутӣ чун ҳамеша дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешоҳанг буда,  ва ифтихору обрӯву мақоми хешро чун тарбиятгари маънавии ҷомеа  пайваста баланд мебардорад.

«Боварӣ дорам, ки соли 2017 низ бо таҷлили шоиста аз солгарди 20-уми Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, дӯстию бародарӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани биҳиштосои мо дар таърихи муосири давлатсозии миллати сарфарози тоҷик нақши намоёну арзанда хоҳад дошт. Бошад, ки мову шумо низ дар пойдору устувор гардондани асосҳои давлати ҷавони Тоҷикистон, амалӣ намудани ормонҳои волои ватандорию давлатсолории миллӣ ва татбиқи босамари раҳнамоиҳои Пешвои миллат саҳми шоиста дошта бошем»,-илова намуд Лутфулло Давлатзода.

Мавҷуда АНВАРӢ

 

 

Декабрь 31, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд