«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Бахшида ба Рӯзи Президент китоби академик Фарҳод Раҳимӣ рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби дуҷилдаи раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Абармарди таърихсоз» рӯнамоӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Таъкид гардид, ки китоби «Абармарди таърихсоз» арзиши баланди илмию таърихӣ ва сиёсию таҳқиқотӣ дошта, бо 3 забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудааст.
Китоб яке аз муҳимтарин асарҳои таҳқиқотии академик Фарҳод Раҳимӣ мебошад, ки мақсади он инъикоси саҳми таърихӣ, сиёсӣ ва давлатсозии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол аст. Асар бо такя ба далелҳо, ҳуҷҷатҳо, рӯйдодҳои муҳим ва таҳлилҳои илмӣ навишта шуда, фаъолияти Пешвои миллатро дар марҳалаҳои гуногун — аз барқарорсозии сулҳ ва ваҳдат то эҳёи иқтисод, фарҳанг, илм ва ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон бо равиши илмии асоснок бозтоб медиҳад. Гирдоварӣ ва таҳлили асосҳои илмии ин раванд имконият медиҳад, ки ҷомеа воқеияти таърихиро дақиқ дарк намояд.
Иброз гардид, ки китоб дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир беҳтарин роҳнамо барои ҷавонон дар омӯзиши ҳифзу муаррифии давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, ҳидоят ба худшиносии миллӣ, таҳаввули тафаккури миллӣ, тақвияти ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ифтихори миллӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқию илмӣ мебошад.
Китоби «Абармарди таърихсоз» барои омӯзиши таҷрибаи давлатсозӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди худшиносии миллӣ манбаи арзишманд мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






