Туҳфаи Президенти Тоҷикистон- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони ноҳияи Ёвон тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар доираи иқдоми фарҳангию маънавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода, намояндагони Ҳукумати мамлакат ва масъулини соҳаҳои маорифу фарҳанг бо собиқадорони меҳнати ноҳия вохӯрӣ намуда, ба онҳо асари безавол- «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро тақдим намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъулин аз таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии фарҳангии ҷомеа ёдовар гардиданд.
Тақдими «Шоҳнома» аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо рамзи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, балки нишони муҳаббати бепоён ба ҳар хонаводаи мамлакат аст.
««Шоҳнома» на танҳо осори адабӣ, балки китоби худшиносии миллӣ, мактаби мардонагӣ ва рамзи ифтихори давлатдории тоҷикон мебошад. Ин иқдоми арзишманд дар дили ҳар сокини мамлакат эҳсоси ифтихор аз гузашта ва масъулият барои имрӯзро бедор мекунад»,-баён гардид дар вохӯрӣ.
Собиқадорони меҳнат низ аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ ва рамзи пайванди наслҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар 9 ҷамоати ноҳияи Ёвон ба 38 ҳазору 155 оила тақдим мегардад.
«Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои «Шоҳнома» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла чунин нигоштаанд: «Дар ҳақиқат Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зиндаю пойдор гардонид ва дар хизмати наслҳои оянда гузошт».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон













ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд






