Маркази нави ташхиси беморон- «Некдил» дар Қӯрғонтеппа ифтитоҳ ёфт

Декабрь 2, 2016 09:03

Қӯрғонтеппа, 02.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар Беморхонаи  вилоятии   Хатлон  ба номи  Бурӣ Воҳидов,  воқеъ дар шаҳри  Қӯрғонтеппа  Маркази  рентгеноангиография  ифтитоҳ гардид.
Дар ин бора хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар шаҳри Қӯрғонтеппа хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи марказ  раиси  вилояти  Хатлон  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода  иброз намуд, ки  ин  аввалин  маркази рентгеноангиография  дар вилоят ба  ҳисоб  рафта,  қаблан беморон  барои табобати рагҳои  майда  ва  калони хунгузар  ба  пойтахти Тоҷикистон  ё хориҷи  кишвар  мерафтанд.
Ба иттилои мутахассисони соҳа, акнун таҷҳизоти тиббии марказ имконият медиҳад, ки бемор дар ҷояш ташхис ва табобат карда шавад.
Бунёд ва мавриди истифодадиҳии ин марказ барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба он шароити мусоид фароҳам меорад.

Декабрь 2, 2016 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад