«Москва равон шудем…». Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо поезд ба Россия сафар кард

Декабрь 29, 2016 11:45

vagonДУШАНБЕ, 29.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муайян кардани масъалаи ба талабот ҷавобгӯ будани хизматрасониҳо дар қатораҳои мусофирбари байналмилалӣ ва ислоҳи камбудиҳо оид ба ҳолати санитарӣ-техникӣ дар қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе, аз 17 то 25 декабри соли равон аз ҳисоби кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Муассисаи давлатии рӯзномаи «Нақлиёт» ва Корхонаи воҳиди «Мусофирбарӣ»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» санҷиши муштараки гурӯҳи корӣ гузаронида шуд.

Қатораи мусофирбари №229/230, хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе соати 03:20-и 17 декабр бо 3 нафар аъзои комиссияи санҷишӣ, 56 мусофир, 19 роҳбалад ва   7 нафар кормандони вагон-тарабхона аз самти Душанбе ба Москва равона шуд.

Зимни сафар аз Душанбе ба самти Москва мо бо ҳолати санитарӣ- техникии қатора ва тарзи муомилаи роҳбаладон бо мусофирон шинос шудем.

Аз мушоҳидаҳо ва гуфтаҳои мусофирон маълум шуд, ки қатораҳои наве, ки Тоҷикистон соли 2012 аз Украина харидорӣ кардааст, дорои тамоми шароити замонавӣ мебошанд. Яке аз нишонаҳои замонавӣ будани онҳо-ин низоми гармидиҳии ангиштӣ ва электронӣ дар дохили вагонҳо мебошад, ки дар фасли сармо барои мусофироне, ки  тавассути қатора сафар мекунанд, роҳатбахш аст.

Людмила Михайлова, ки чандин сол боз дар китобхонаи Лоҳутӣ фаъолият мекунад, зимни суҳбат бо мо гуфт: «Ман маротибаи сеюм аст, ки тавассути ҳамин қатора ба Москва сафар мекунам. Ман аз тарзу сифати хизматрасонии роҳбаладон хеле қаноатмандам. Дохили вагонҳо гарм ва тоза аст, дар роҳравҳо гилем парофта шудааст. Ҳамчун истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта метавонам, ки ин пешравии мутлақ дар кори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аст».

Бино ба гуфтаи Маҳадбек Дилоев, сардори қатораи Душанбе-Москва-Душанбе дар фасли зимистон теъдоди мусофироне, ки аз  Тоҷикистон ба самти Россия сафар мекунанд, камтар буда, бо сабаби ба охир расидани мавсими кор дар Россия аз он ҷо ба  Тоҷикистон мусофирон бештар сафар мекунанд.

Дар ҷараёни сафар аз ду ҷониб ҳамаи мусофирон аз муносибати хуби сарҳадчиён ва милитсияи кишварҳои ба мо дӯст- Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сарҳадчиёни Ӯзбекистон баъди азназаргузаронии қатораҳо дар суҳбат бо мо хоҳони муносибати боз ҳам хуби ду ҷониб шуда, ҳатто барои пешравӣ ва зиёд гардидани мусофирони қатораҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пешниҳод карданд, ки дар ҳолати аз роҳи нави қаторагузари Тошгузар-Бойсун гузаштани қатораҳои Тоҷикистон имкон ҳаст, ки вақти  сафар то 20 соат кам карда шавад.

Дар бисёре аз истгоҳҳое, ки қатора меистод, роҳбаладон ва устоҳои навбатдор (электромонтёрҳо) либосҳои махсус ба бар карда, фаромада, ҷойҳои яхкардаро тоза мекарданд.

Ҳолатҳои дар сарҳадҳо аз вақти муқарраргардида зиёд нигоҳ доштани қатора, ки солҳои қаблӣ бештар ба назар мерасид, имрӯз хеле беҳбудӣ ёфта, қариб ки ба назар намерасиданд.

«Дар вақти пур кардани баённома (декларатсия) дар қаламрави Ӯзбекистон мусофир метавонад бореро, ки арзишаш то ҳазор доллари амрикоӣ буда, бо мақсади тиҷорат гузаронида намешавад, аз қайд нагузаронад. Ин беҳбудии навест барои мусофироне, ки тариқи қатораҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба хориҷи кишвар сафар мекунанд»,- зикр кард Аҳлиддин Самадов, сардори дидбонгоҳи гумрукии Болдири Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Ҳолати санитарии вагонҳо дар маҷмӯъ хеле хуб буд, вале ҳолатҳое ҳам мушоҳида шуданд, ки  дар роҳрави байни вагонҳо партовҳо ба назар мерасиданд. Баъзе мусофирони беандеша дар роҳравҳо носи даҳонашонро туф карда, мегузаштанд. Ҳарчанд роҳбаладон роҳравҳоро тез-тез тоза мекарданд ва Маҳадбек Дилоев, сардори қатораи Душанбе-Москва-Душанбе низ чандин маротиба ба воситаи радиои қатора эълон ва илтимос мекард, ки мусофирон ба қоидаҳои тозагӣ риоя кунанд, вале боз аҳён-аҳён ин ҳолатҳо ба назар мерасид.

Ҳолати ногувори дигар ин буд, ки ангишт дар назди печҳо дар рӯи замин партофта шуда буданд. Хуб мешуд, ки масъулин ин ангиштро дар дохили қуттиҳои оҳанин ҷой мекарданд, то ҳам мусофирон аз дидани ин ҳолат нороҳат намешуданд ва ҳам роҳравҳо тоза мемонданд.

Дигар норасоӣ дар дохили вагонҳо-ин  корношоям будани баъзе ҳоҷатхонаҳо ва чанд дастгоҳи радио буд.  Мо бовар дорем, ки дар ояндаи наздик ин норасоиҳо бартараф карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳолатҳои аз вазни муқарраргардида, яъне 36 кг барои як нафар зиёд бор  гирифтани мусофирон низ дар ин қатора ба назар расиданд. Мусофирон бояд дар вақти харидани чипта барои бори худ ва бори барзиёдашон пул супоранд, вале ин кор на ҳама вақт дуруст ба анҷом мерасад. Дар вақти харидани чиптаҳо мусофирон шояд ба ин кор  аҳамият намедиҳанд ва ё дидаю дониста ин корро мекунанд.

Зимни ошкор гардидани чунин ҳолатҳо дар Федератсияи Россия  ба номи роҳбаладони қатораи кишвари мо санад тартиб дода шуда, пули ҷарима аз онҳо ситонида шуд. Агар маблағи ҷаримаи санад дар оянда аз ҳисоби мусофирон рӯёнида шавад, шояд ин кор аз байн раваду мусофирон ҳангоми ба истгоҳи қатораҳо омадан борҳои худро расид кунанд.

Яке аз мушкилиҳои ҷойдошта- ин дер ҳозир шудани қатора ба истгоҳи Казанскийи шаҳри Москва мебошад. Қаторае, ки мо сафар кардем, соати 24:00-и шаби 20 декабр вориди шаҳри Москва шуд ва пас аз фаровардани мусофирон дар истгоҳи Казанский  онро барои тоза кардан ва азназаргузаронии ҳолати техникӣ ба ҷои ист ва парки таъмири қатораҳои  Николаево бурданд. Қатора бояд соати 12:16-и 21 декабр аз Москва ба самти Душанбе ҳаракат мекард. Бо вуҷуди он ки аз ҷои ист ва парки таъмири қатораҳои  Николаево соати 11:30 баромадем ва вақт хеле кам буд, роҳбаладон тавонистанд шиносномаҳои мусофиронро пурра аз назар гузаронида, онҳоро то ҷояшон роҳнамоӣ кунанд.

Роҳбаладон барои он шиносномаҳоро бодиққат аз назар мегузаронанд, ки дар ҳолати пайдо шудани камбудиҳо, ба монанди даридани ягон варақи он ва гузаштани муҳлати истифодаи шиноснома мусофирон наметавонанд то бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷатгузориҳои худ аз ҳудуди Россия берун шаванд.

Дар дохили қатораҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вагон-тарабхона фаъолият мекунад. Мусофироне, ки ҳангоми харидорӣ кардани чипта бо нархи 30 сомонӣ талон низ харидорӣ менамоянд, се маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.

Замира Лаззатова, директори вагон-тарабхонаи қатораи 329/330 Душанбе-Москва-Душанбе зикр кард, ки «дар вагон-тарабхонаи қатораҳои Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба мусофирон номгӯи гуногуни хӯрокҳо, аз қабили оши палав, лағмон,  қурутоб, шакароб, шӯрбо ва дигар хӯрокҳои милливу аврупоӣ пешниҳод мешаванд. Мусофирон метавонанд хӯрокҳои табъи дили худро фармоиш диҳанд».

 

Шукӯҳи ДАЛЕР, хабарнигори АМИТ «Ховар»,

Душанбе-Москва-Душанбе

Декабрь 29, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст