Мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Чехия
Душанбе, 01.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баррасии масоили рушду густариши ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Чехия дар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан оғоз гардида, сипас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Чехия ҳамчун шарики боэътимод дар арсаи байналмилалӣ ва ҳалқаи пайвандгари Тоҷикистон бо Аврупо аз афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ ба шумор рафта, ҷониби Тоҷикистон ба дурнамои бобарори робитаҳои байнидавлатӣ, ки пояи ҳуқуқии онро 8 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад, эътимоди комил дорад.
Таъкид гардид, ки наздикию мувофиқати мавқеъ ва нақши давлатҳо дар масъалаҳои калидии байналмилалӣ пояи боэътимоди тавсеаи ҳамкориҳо дар тамоми арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд.
Ҳар ду ҷониб таъсиси Гурӯҳи доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатиро дар таърихи робитаҳои байнидавлатӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, аз имконияту иқтидорҳои истифоданашудаи зиёд дар муомилоти тиҷоративу иқтисодии ду кишвар ёдовар шуданд .
Таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сангу металлҳои қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳо дар соҳаҳои саноати хурокворӣ ва истеҳсоли маводи рӯзғор аз алюминий, соҳаҳои фармасевтика, коммуникатсия ва сохтмони сардхонаву гармхонаҳо аз лоиҳаҳои манфиатовари Тоҷикистон арзёбӣ шуданд, ки доираи тоҷирону соҳибкорони Чехия метавонанд дар татбиқи онҳо фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамчунин барои тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хаттҳои интиқоли барқ ва бунёди неругоҳҳои хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.
Ҷалби технологияҳои муосири Чехия барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири дар бозорҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ харидор дошта, аз воситаву имкониятҳои нави ҳамкории доираи тоҷирону соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия арзёбӣ гардид.
Барои тақвияти бештари муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ ва рушди бемайлони ҳамкорӣ дар соҳаи туризм, аз ҷумла туризми табобативу кӯҳнавардӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.
Дар соҳаи маориф муҳимияти ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Чехия дар самти табодули таҷрибаи устодону донишҷӯёни ҳарду кишвар, ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Чехия дар доираи барномаҳои таҳсилотии Иттиҳоди Аврупо, ба мисли Темпус, Эразмус Мундус, Эразмус плюс ва ҷудо намудани теъдоди бештари квотаҳо барои таҳсили толибилмони тоҷик дар донишгоҳҳои Чехия таъкид гардид.
Дар музокироти сатҳи баланд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ мароқ зоҳир гардида, барои муборизаи муштарак ба муқобили терроризми байналхалқӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилона, ҳамзамон иштироки фаъол дар таъмини амнияти суботи Афғонистон изҳори омодагию ҳавасмандӣ карда шуд.
Мулоқоту музокироти сатҳи баланди имрӯза идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ ва натиҷаи равобити бобарори ду давлат арзёбӣ гардид ва изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмии роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ба Чехия боз як қадами муҳиму боварибахш дар рушди муносибатҳои муосири дуҷониба хоҳад шуд.











Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия






