Мунира Шаҳидӣ: «Истиқлолияти кишварро бо фарҳанги ватанамон бояд тавъам бисозем»

Декабрь 28, 2016 17:17

munira-shahidi-00ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ перомуни бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил баргузор гардид.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар он намояндагони илму фарҳанг иштирок намуданд.
Мунира Шаҳидӣ, олими шарқшинос, устоди донишгоҳҳои шинохтаи ҷаҳонӣ дар риштаи адабӣ фарҳангии татбиқӣ  ва сарвари Бунёди байналмилалии З. Шаҳидӣ баён намуд, ки ӯ ҳамчун мутахассис дар соҳаи тадқиқи адабиёту фарҳанг аз Паёми Пешвои миллат якчанд нуқтаи муҳимро ҳамчун дастур барои фаъолияти илмии ояндааш қайд кард.

munira-shahidi-0«Якум ва муҳимтарин нуқтае, ки дар Паём садо дод, ин сармояи инсонӣ, баъдан истиқлолияти энергетикӣ буд. Тавре ки медонем, истиқлолияти энергетикӣ асоси истиқлолияти иқтисодии кишвар буда, барои ман ҳамчун фарҳангшинос муҳим он аст, ки иқтисодиёти кишварро бо фарҳанги кишвар пайваст кунем. Сеюм, рушди илмӣ бо назардошти навовариҳои ҷаҳон, ки хеле масъалаи муҳим ба шумор меравад. Зеро насли имрӯзи мо чандон аз навгониҳои илмӣ, ки ҳамарӯза тағйир меёбанд, огоҳ нест. Барои ман ин нуқта бисёр рӯзмарра ва муҳим садо дод. Масъалаи рушди фарҳангӣ ва пурқувват намудани расонаҳои хабарӣ низ масъалае буд, ки дар Паём таъкид гашт. Имрӯз кормандони расонаҳои хабарӣ ва муҳаққиқон кам омӯзишу таҳқиқот мебаранд. Имрӯз мо соҳибистиқлол гаштаем, бинобар ин таҳқиқоти нав ба нав дар пайвастани арзишҳои маҳаллию миллӣ бо арзишҳои ҷаҳонӣ яке аз вазифаҳои муҳимест, ки дар Паёми Президенти кишвар садо дод ва мо муҳаққиқону журналистон ва аҳли санъат ба ин талабот бояд ҷавобгӯ бошем»,- баён намуд Мунира Шаҳидӣ.
Иштирокчиёни маҳфил Паёми Пешвои миллатро хеле пурмуҳтаво ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, мулоҳизаҳои худро дар бораи ҳар нуқтаи он баён намуданд.

Декабрь 28, 2016 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд