Нашри китоби доктори илмҳои таърих оид ба мусиқии тоҷикон
ДУШАНБЕ, 28.12.2016/АМИТ «Ховар»/. «Фарҳанги мусиқии тоҷикон чун дигар анвои эҷодиёти бадеию зебоишиносии он таърихи бостонӣ ва мероси дороию саршор аз танаввӯъоти жанрию шаклии созию овозӣ, рангомез аз ҳавзаҳои пажӯҳишии усулан устувори илмӣ ва эҷодию иҷроист»,-чунин омадааст дар пешгуфтори китоби тозанашри доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскаралӣ Раҷабов, ки таҳти унвони «Мусиқии тоҷикон дар садаҳои XVIII-XIX ва оғози садаи XX «(таърих, анъана ва муаммоҳои пешрафт) дар чопхонаи «Дониш» нашр гардидааст.
«Ҳадафи нигориши рисолаи мазкур бо такя ба гузориши ҷомеаи сарчашмаҳои хаттии ин қарнҳо равшан намудани ҷараёни вазъияти фарҳангӣ мусиқии тоҷикон ва таъсиру бозтобии он дар фарҳанги мардумони ин минтақа аст», мегӯяд доктори илмҳои таърих Аскаралӣ Раҷабов.
Донишманди шинохтаи тоҷик бо такя ба маъхазҳои таърихӣ саъй намудааст, ки дар асар вазъи фарҳанги мусиқии тоҷикон дар асрҳои XVIII-XIX ва оғози қарни XX-ро ба таври барҷаста инъикос намояд. Рисола бо забони тоҷикӣ ва хулосаи англисӣ мунташир гардида, армуғонест барои фарҳангиён ва дӯстдорони мероси мусиқии тоҷикон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






