Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд

Декабрь 5, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  Меҳриддин Холов дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон»   сазовори ҷойи якум  гардид.   Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.

Бо қарори ҳайати ҳакамон Меҳриддин Холов   барои ишғоли ҷойи якум дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» бо Дипломи ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.

Ин дастоварди арзанда дар озмуни сатҳи баданди ҷумҳуриявӣ устодону донишҷӯёни ин боргоҳи ҳунарро болидаруҳ намуд. Ин нишони он аст, ки   дар радифи хонандагону донишҷӯён устодон ва кормандони гуногункасб низ   ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи  зиёд зоҳир менамоянд.

«Бо вуҷуди масъулияти зиёди корӣ ман вақт ёфта, барои иштирок дар озмун омодагии ҷиддӣ медидам, бо боварии комил ҳама даврҳои озмунро муваффақона сипарӣ намуда, ба даври ниҳоӣ расидам ва хушбахтона, ғолиб гардидам», — мегӯяд Меҳриддин Холов.

Ба иттилои роҳбарияти донишкада, барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»   тамоми имконият  фароҳам оварда шуда, барои хоҳишмандон имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

Тавре ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,  номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҳмуд Назарзода  иброз намуд,  шумораи иштирокчиёни ин  озмун аз ҳисоби устодону донишҷӯёни донишкада сол ба сол бештар мегардад.

«Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 9 нафар иштирок намуд. Хушбахтона, дар даври ҷумҳуриявӣ яке аз устодони донишкада Меҳриддин Холов   ба гирифтани  ҷойи якум дар  номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон»  сазовор гардид, ки ин боиси ифтихори мо аст. Дар  маросими ҷоизасупорӣ, вақте ба ғолибон  ҷоизаҳоро тақдим менамудем, воқеан  ба мушоҳида расид, ки тамоми ғолибон ва устодону пайвандони онҳоро эҳсоси хубу фараҳбахше фарогир  буд. Зеро ҳар яке аз онҳо дарк менамуданд, ки  то расидан ба ин қуллаи баланд дар роҳи  илму дониш талошу ҷустуҷӯи зиёд карданд»,- изҳор дошт  Маҳмуд Назарзода.

Ёдовар мешавем, ки 4 декабр  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар озмуни имсола 94 нафар ғолиб  гардида, чор нафари онҳо соҳиби Шоҳҷоиза шуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.

   АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода 

Декабрь 5, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад