Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оғоз гардид.
Тавре аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд, биноҳои нави таълимӣ аз синфхонаҳои муосир, озмоишгоҳҳои илмӣ, маркази электронӣ, синфҳои интерактивӣ, утоқҳои корӣ ва тамоми инфрасохтори зарурии таълимӣ иборат буда, ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии таҳсил мебошанд.
Иброз шуд, ки татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба рушди инфрасохтори соҳаи маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат буда, бунёди иншооти нави таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд идомаи мантиқии ин сиёсати созанда мебошад.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода баён дошт, ки ин иқдом барои густариши ҷараёни таълими муосир, рушди таҳқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва идоракунӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Бунёди биноҳои нави таълимӣ қадами муҳим дар таҳкими инфрасохтори шаҳр ва баланд бардоштани имконоти таълимӣ барои ҷавонон мебошад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






