Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст

Декабрь 5, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. ZET-MOBILE бо хушнудӣ аз идомаи иқдоми бузурги «Миллионро гир» эълон мекунад! Шоҳҷоизаи асосии он маблағест, ки қобилияти тағйир додани ҳаётро дорад — 1 000 000 (як миллион сомонӣ)!

 Ба ғайр аз шоҳҷоизаи асосӣ, ширкат ба муштариён имкониятҳои зиёди дигарро барои бурд фароҳам меорад. Дар доираи иқдом, ҷоизаҳои пулии зерин аз фонди умумии ҷоизаҳо ба маблағи 1 325 000 сомонӣ бурд хоҳанд шуд:

5 ғолибон соҳиби 20 000 сомонӣ

5 ғолибон соҳиби 15 000 сомонӣ

5 ғолибон соҳиби 10 000 сомонӣ

Ва ин ҳам ҳанӯз на ҳама хабар!

ZET-MOBILE иштироки фаъолонаи муштариёни худро қадр мекунад.

Махсус барои иштирокчиёни аз ҳама содиқ ва ҷалбшуда, супурдани мукофотҳо ба ТОП-5 иштирокчии фаъол баргузор мешавад.

Ин ғолибон, вобаста ба фаъолияти онҳо дар доираи иқдом, аз 10 000 то 30 000 сомонӣ ҷоизаҳои иловагӣ хоҳанд гирифт.

Барои иштирок, муштариён бояд ID-рамз бо яке аз роҳҳои қулай харидорӣ кунанд — занг ё SMS ба рақами кӯтоҳи 2929, ва ё тавассути замимаи мобилии ZET-MOBILE. Нархи як ID-рамз3,5 сомонӣ.

Барои ҳар як ID-код 50 МБ трафики интернетӣ, ки 30 рӯз эътибор дорад, туҳфа карда мешавад. Ва ҳар қадар ID-и шумо зиёд бошад, ҳамон қадар имконияти бурд зиёд мешавад!

Иқдоми «Миллионро гир» аз то 31-уми декабри соли 2025 давом мекунад. Анҷоми иқдом дар доираи намоиши мустақим тавассути шабакаи давлатӣ баргузор хоҳад шуд.

Ин як иқдоми фаромӯшнашуданӣ хоҳад буд, ки дар он миллион сомонӣ соҳиби худро ёфта, орзуҳо дар назди тамоми кишвар ба воқеият табдил хоҳанд ёфт!

ZET-MOBILE ҳамаи муштариёнро даъват менамояд, ки ин имконияти беназири тағйири ҳаёти худро аз даст надиҳанд. Ба иқдом ҳамроҳ шавед, ID-кодҳоро харидорӣ кунед ва ба бурди 1 000 000 сомонӣ наздиктар шавед.

Имконияти миллионер шуданро якҷоя бо ZET-MOBILE аз даст надиҳед!

_______________________

ZET-MOBILE — яке аз операторони пешбари мобилии Тоҷикистон, бо густариши фаъоли шабака ва модернизатсияи он, пешсафии худро дар бозори алоқаи мобилӣ нигоҳ медорад. Сохтмони истгоҳҳои нави базавӣ, гузариш ба хатҳои алоқаи оптикӣ ва ҷорӣ намудани системаи беназир сифати олии алоқаро барои ҳамаи муштариён кафолат медиҳад.

Ширкат ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, ки ба рушди иқтисод ва беҳтар шудани сифати зиндагӣ дар кишвар мусоидат мекунанд, сармоягузорӣ мекунад.

 +992 800 800 800 | zet-mobile.com

Декабрь 5, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид
Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз олимпиадаҳо 2 ҳазору 447 медал ба даст оварданд
10 феврал дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад