Қочоқчӣ бо тахаллуси «Нури Қарағоч» боздошт гардид

Декабрь 21, 2016 09:56

ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе мошини тамғаи «Опел-Астра»-ро, ки онро истиқоматкунандаи шаҳри Кобул, шаҳрванди 30-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сиддиқи Муҳаммад Зирак идора мекард, боздошт намуданд. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Ҳангоми кофтуков аз дохили мошин 7 халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон 203 баста маводи ҳашиш буд, ошкор ва мусодира гардид. Вазни маводи мусодиргардида 208 кг- ро ташкил дод.
Ҳамчунин бо гумони даст доштан дар ҷинояти мазкур ҳаммаслаки ӯ — сокини 48-солаи пойтахт Нуралӣ Бобоев бо тахаллуси «Нури Қарағоч» боздошт гардид. Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки боздоштшуда мошини худро ба шаҳрванди Афғонистон бо мақсади дастрас намудани маводи нашъаовар додааст»,-илова намуд манбаъ.
Тавре маълум гардид, гурӯҳи қочоқбарон муддати дароз ба интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буда, интиқоли онро аз ҳудуди Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия ба роҳ монда буданд.
Дар айни ҳол тадбирҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани аъзои боқимондаи ин гурӯҳи муташаккил андешида шуда истодаанд.

Декабрь 21, 2016 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад