«ПАЙ БИГИРЕМ АЗ ПАЁМИ САРВАРИ ОЛИНАҶОД»
ДУШАНБЕ, 30.12.2016./АМИТ «Ховар»/. Ироаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли ҷорӣ рух дод, чун яке аз рӯйдодҳои муҳими сол арзёбӣ мегардад. Зеро ин санади сарнавиштсоз ҳусну кубҳи рӯзгор ва кору бори ҳар кадоми мо ва ҳамаи моро дар бахшҳои гуногун ба намоиш мегузорад ва самту роҳҳои расидан ба зинаҳои наву баландтари рушдро бароямон равшан месозад.
Аз ин сабаб Паёми Пешвои миллат, ки фарогири муҳимтарин масъалаҳои зиндагӣ ва сиёсати дихиливу хориҷии мамлакат мебошад, ҳамасола на танҳо ба сифати дастури рӯимизии кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар барои як сол хидмат мекунад, балки ба манбаи илҳоми саршори донишмандону мутахассисон ва нависандагону шоирон табдил меёбад. Онҳо вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни Паём мулоҳизаву андешаронӣ мекунанд, даст ба тадқиқотҳои илмӣ мезананд, шеъру ҳикоя ва қиссаву достонҳо меофаранд.
Воқеан, худи илҳом низ, чун ҳолати рӯҳии инсон хабари хуш ва қобили ситоиш аст, зеро он насиби касоне мешавад, ки бо ҷаҳду ҷадал машғули кори неке ҳастанд. Тавре адиби барҷастаи колумбиягӣ дорандаи Ҷоизаи Нобел Габриэл Гарсиа Маркес навиштааст: «Илҳом танҳо дар вақти кор меояд».
Ҳоло мо шеъри тозаэҷоди шоир ва публисист Давлат Сафарро, ки бо илҳом аз Паём навишта шудааст, пешкаши хонандагон намуда, зимнан аз адибони мамлакат даъват ба амал меорем, ки барои эҳё ва рушди адабиёти публисистӣ, адабиёте, ки бо рӯйдодҳои замон баробар қадам мезанад ва нисбат ба ҳеҷ воқеаи дорои аҳамияти миллӣ ва давлатӣ бетараф буда наметавонад, гомҳои пурсадо бардоранд. Тавре дар замони худ устодон Айниву Лоҳутӣ ва Турсунзода ин корро карда буданд…
ОФТОБИ ЗИНДАГИАФРӮЗ
(Илҳом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Вусъати сарсабзии мо аз Паём омад падид.
Ҳарфи паймони сиёсатро чунин бояд шунид.
Якдиливу якзабонӣ шаҳсутуни давлат аст,
Зиндагиро баъд аз ин бо чашми дил бояд бидид.
Кӯҳро хоҳем агар тобад чу арзан дар назар,
Оташи меҳри Ватан бояд фурӯзем аз шарар.
Худ фурӯзему ғанимат ҳар нафасро бишмарем,
Об агарки рафт, бар ҷӯ барнамегардад дигар.
Пай наафтад то ба паймоне, ки бар мо раҳ кушод,
Пай бигирем аз Паёми Сарвари Олинаҷод.
«Зинда бодо Тоҷикистон!» то бигӯем аз ниҳод,
Ин садо бояд шунид аз минбари кӯҳи мурод.
Тарҳи тармиме, ки тарҳи кӯҳнаро нав мекунад,
Худшиносиро ба дилҳо ҳамчу партав мекунад.
Бояд аз меҳри Ватан бигрифт роҳи зиндагӣ,
Меҳри модар тифлро якбора раҳрав мекунад.
Аз Паёме то Паём аҳди дигар бояд зи нав,
Тоҷи миллатро ҷилои шӯълавар бояд зи нав,
Коми миллатро, ки таъми найшакар бояд зи нав,
Тоҷикистонро садои баҳру бар бояд зи нав.
Бонги тӯфони сиёсат дар ҷаҳон дорад хурӯш,
Ҳар нафас, ҳар лаҳза овози дигар ояд ба гӯш.
Сар зи зонуи хамӯшиат бигир, эй ҳамватан!
Чашми дил бикшову чашми бемурувватро бипӯш.
Оташи даъвову даъвобозҳо дар гирудор
Мекашад бар ком хушку тар, намегирад қарор.
Аз садоқат ҳарф мегӯянду дар дил кина аст,
Чашми поизанду ҳамчун дидаи кӯри баҳор.
З-ин сабаб ҳам ҳушдорӣ аз замон беҳуда нест,
Ҳар касе ҷӯяд канор аз ин агар, осуда нест.
Азми мо рамзи саодатмандии рӯзи нав аст,
Роҳи мо роҳи навин асту раҳи паймуда нест.
Маншаи фархундагии рӯзи мо бошад Паём,
Дар баҳори зиндагӣ наврӯзи мо бошад Паём.
Олами андешаи пирӯзи мо бошад Паём,
Офтоби зиндагиафрӯзи мо бошад Паём!









ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






