Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти сохтмони бинои Академияи ВКД

Декабрь 15, 2016 18:18

575ДУШАНБЕ, 15.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуд.
Сохтмони иншооти мазкур соли 2014 оғоз гардида, фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2-и Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ мувофиқи нақша идома дошта, то имрўз ба маблағи зиёда аз 30 млн. сомонӣ анҷом дода шудаанд. Дар айни замон корҳои ороишотӣ ва обу корезии қисмати дохилу беруни бино, васлу насби таҷҳизоти равшаннамоию ободониии саҳн ва атрофи бино бо маром идома доранд.
Бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ошёна ва се қисмат иборат буда, мувофиқи нақша дар соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Баъди шиносоӣ бо ҳолати корҳои сохтмонӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ситоди сайёри корӣ баргузор шуд. Дар ситоди корӣ масоили иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ ва вусъати корҳои ободонию хуррамгардонӣ, равшаннамоии атрофи бино мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвазири мамлакат вобаста ба татбиқи сифатнок ва мувофиқи нақшаи лоиҳаи сохтмони бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳаро вазифадор намуд.

Декабрь 15, 2016 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад