Ширкати муштараки тоҷикӣ-хитоии «Нуриҳои Осиё»: Истеҳсоли аммиак то 300 ҳазор тонна ва карбомит то 500 ҳазор тонна дар як сол

Декабрь 14, 2016 16:10

ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюм даъвати панҷум Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати мамлакат ва ҶДММ «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитойро оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид мавриди муҳокима қарор доданд.
Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Абдулмаҷид Мӯъминзод оид ба масъалаи мазкур зикр кард: «Созишномаи сармоягузорӣ бо ҶДММ «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдинги»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид бо Қарори Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ моҳи сентябри соли равон ба имзо расонида шудааст. Мувофиқи Созишнома сармоягузор корхонаҳои нуриҳои менералии аммиак ва карбамитро дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот», воқеъ дар шаҳри Сарбанд бунёд менамояд».
Тибқи гузориши Абдулмаҷид Мӯъминзод дар марҳилаи якум бунёди корхонаи истеҳсоли аммиат бо иқтидори 120 ҳазор тонна дар як сол ва корхонаи истеҳсоли карбамит бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар як сол дар давоми якунимсол анҷом дода мешавад. Дар марҳилаи дуюм васеъкунии иқтидори истеҳсолии корхонаҳо, аз ҷумла истеҳсоли аммиак то 300 ҳазор тонна ва истеҳсоли карбомит то 500 ҳазор дар як сол, давоми се соли оянда дар назар дошта шудааст.
«Мувофиқи Созишнома 50 фоизи саҳмияҳои ҶСК «Азот» ба ҶДММ «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдинги»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой пешниҳод шуда, сармоягузор уҳдадор мегардад, ки бар ивази саҳмияҳо корхонаҳои аз ҷиҳати истеҳсолӣ-технологӣ муосирро бунёд намояд», — гуфт А.Мӯъминзод ва илова кард, ки «Тарафҳо ширкати муштараки тоҷикӣ-хитоии «Нуриҳои Осиё»-ро дар шакли ҷамъияти саҳҳомӣ бо сармояи оинномавии 720 миллион доллари ИМА таъсис медиҳанд, ки дар давоми даҳ сол ҳиссаи тарафҳо бо тартиби зерин тақсим карда мешавад: мақоми ваколатдори давлатӣ 50 фоиз — 1 саҳм, сармоягузорӣ 50 фоиз + 1 саҳм. Баъд аз гузашти даҳ сол ҳиссаи тарафҳо бо тартиби зерин: мақоми ваколатдори давлатӣ 50 фоиз + 1 саҳм, сармоягузорӣ 50 фоиз — 1 саҳм тақсим карда мешаванд».
Барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҶДММ «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой сармояи мустақимро дар ҳаҷми 360 миллион доллари ИМА ҷалб карда, баъд аз ба истифода додани корхона зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешаванд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, бунёди инфрасохтори замонавӣ, воридоти техника ва технологияи муосир, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Дар ҷараёни муҳокима зикр гардид, ки маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои аммиак ва карбамит барои таъмини бозори дохилӣ басанда буда, ҳамчунин барои содирот ба бозорҳои ҷумҳуриҳои ҳамсояи Афғонистон ва Қирғизистон нигаронида шудааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати мамлакат ва ҶДММ «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдинги»-и Ҷумҳурии Халқии Хитойро оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» якдилона қабул карданд.

Декабрь 14, 2016 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид