Ширкати С. Аслов дар мулоқоти кории вазирони кишварҳои узви СААД дар Ҳамбург

Декабрь 9, 2016 09:43

ДУШАНБЕ, 09.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳамбурги Олмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти кории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар ҳошияи Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардид, ширкат кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба бандҳои Рӯзномаи иҷлосияи Шӯрои вазирони САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла раванди татбиқи қарорҳои сарони давлатҳои узви СААД мубодилаи афкор намуданд»,-зикр кард манбаъ.
Дар мулоқот лоиҳаи Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД зери унвони «Роҷеъ ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти САҲА дар сохтори амнияти умумиаврупоӣ» мувофиқа ва қабул гардид. Ба санади мазкур бо пешниҳоди Тоҷикистон банди махсус роҷеъ ба маҳкум кардани иштироки ашхос ва гурӯҳҳои ҷинояткор дар ҳамоишҳои САҲА ворид карда шуд. Дар изҳороти муштарак инчунин зарурати банақшагирии фаъолияти дафтарҳои саҳроии САҲА танҳо бо назардошти талабот, дархост ва авлавиятҳои кишварҳои мизбон инъикос карда шуд.

Декабрь 9, 2016 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд