«Соли нав – рамзи рӯшноӣ ва меҳр»-шарҳи матбуот

Декабрь 29, 2016 15:36

ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи «Ҷумҳурият» (26.12.2016,№254) аз маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат, ки 23 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат баргузор шуда буд, гузориши муфассалро пешкаши хонандагон кардааст. Дар ҷаласаи мазкур нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2017 муайян карда шуданд. Ҳамчунин дар саҳифаҳои 1-2 нашрия матни Қатъномаи СММ «Оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028»-ро, ки дар ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии СММ қабул шудааст, дарҷ гардидааст. Ташаббуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби Тоҷикистон пешбарӣ шуда, 177 кишвари ҷаҳон онро пуштибонӣ карданд.

Вобаста ба қабул шудани Қатъномаи СММ намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид М. Маҳмадаминов зимни мусоҳиба бо Радиои СММ мулоҳизаҳои худро баён ва мусоҳибаи мазкурро «Ҷумҳурият» (27.12.2016, №255) бознашр кардааст. Ҳамчунин дар ҳамин шумораи нашрия аз сафари Сарвари давлат ба шаҳри Санкт-Петербург ва иштироки Пешвои миллат дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои СААД гузориши расмӣ чоп шудааст.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст» — бо ҳамин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рубрикаи «Сухани рӯз» нашрияи «Ҷумҳурият» (28.12.2016,№256-257) рӯзи чоршанбе аз чоп баромад.

Гузоришҳо аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Рустам Азимов, боздиди Сарвари давлат аз Маҷмааи лижаронӣ ва сайёҳии «Сафед-дара», суханронии Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи лижаронӣ ва сайёҳии «Сафед-дара», ки дар саҳифаҳои нашрия дарҷ гардидаанд, аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Нашрияи русзабони «Народная газета» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро таҳти унвони «Самтҳои рушду созандагӣ» нашр карда, аз беҳтарин дастовардҳои соли 2016 дар бахшҳои сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, варзиш ёдоварӣ карда, мақолаҳо чоп кардааст.  

«Адабиёт ва санъат» — минбари эҷодкорони Тоҷикистон дар саҳифаи наср ҳикояи Маҷид Салим «Мурғи ҳилол», дар саҳифаи назм шеърҳои Давлати Раҳмониёнро нашр карда, гузориш аз ҷаласаи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро пешкаши хонандагони худ намудааст. Дар ҷаласаи Раёсат «Бино бар ҷавобгӯ набудан ба талаботи касбият бо ҷонибдории аъзои Раёсат 9 нафар аъзои Иттифоқи нависандагон Мавлуда Равшанёр, Сайёра Баҳодурова, Аслам Раҷаб, Ҷонибеки Қозибек, Муҳаммадрасул Иброҳимзода, Саиднабӣ Наҷимӣ, Хушдили Абдулғафур, Отабек Ғоиб ва Ҳасан Ғоиб аз узвият хориҷ карда шуданд ва ба панҷ нафар барои ислоҳи камбудиҳояшон ва пешниҳоди асарҳои нави арзанда як сол муҳлат дода шуд».

«Омӯзгор»  — нашрияи Вазорати маориф ва илм Паёми Президенти мамлакатро ба Маҷлиси Олӣ нашр карда, мақолаҳои «Сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ», «Ошёни рушди истеъдодҳо», «Об аз сар бояд соф бошад», «Ҳодисаҳои мондагори сол»-ро пешкаши омӯзгорону хонандагони худ кардааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» оид ба рӯйдодҳои созанда ва сӯзандаи соли 2016 ёднома нашр карда, мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо Низом Нурҷонов пешкаши хонандагон намудааст.

 «Минбари халқ» — нашрияи марказии ҲХДТ аз ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал нашр карда, мақолаи Гулҳаёи Мадимар «Соли нав – рамзи рӯшноӣ ва меҳр»-ро пешкаши хонандагон намудааст.

Декабрь 29, 2016 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ташаббуси ободкорӣ анҷом дода шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Қатар барои сарфа ва тоза кардани об технологияҳои нав истифода мебарад
РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Дар Тоҷикистон 8 намуди навъи нави писта ва чормағз парвариш карда мешавад
Дар Шветсия бузургтарин ҷаҳиши солонаи нархи ғизо дар 70 соли охир ба мушоҳида расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад
Моҳи март дар осмон якбора чанд сайёраро дидан мумкин аст
Зарари умумии заминларзаи Туркия аз 105 миллиард доллар гузашт