Суғд: Баргузории барномаҳои солинавӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ
ДУШАНБЕ, 30.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту идораҳои кишвар, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идонаи солинавӣ доир мегарданд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сарпарастон дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ барномаҳои идона гузаронида шуда, бошандагони ин муассисаҳо ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд. Ба иттилои манбаъ, чунин барномаҳои идона дар Муассисаи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбони шаҳр, Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара, Хонаи бачагони шаҳри Исфара, Хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Истаравшан, Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодом, Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент, Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон, Интернати наздимактабӣ барои кӯдакони ятиму бепарстор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Спитамен, Интернати наздимактабии ноҳияи Ашт, Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Интернати наздимактабии ба номи Дадоҷон Бойматови ноҳияи Шаҳристон, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ доир гардиданд.
«Дар ҳамаи чорабиниҳо намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, аз ҷониби сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, хотири қишри ниёзманди ҷомеа шод гардонида шуд»,-хабар доданд аз вилоят.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






