Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол тасдиқ шуд

Декабрь 20, 2016 10:43

ДУШАНБЕ, 20.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва дастаҳои иштироккунанда дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки  дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия  мегузарад, тасдиқ шуд. Аввалин бозиашро дастаи мунтахаби то 18-солаи Тоҷикистон 8 январ, дар соати 14:00 ба вақти Душанбе дар гурӯҳи «А» бо дастаи мунтахаби Юнон барпо мекунад. Баъди 2 рӯз футболбозони кишварамон бо дастаи мунтахаби Булғория (10 январ, соати 16:45) ва 12 январ (соати 14:00) бо дастаи мунтахаби Эстония қувва месанҷанд. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишии «Петербургский» гузаронида мешаванд. Дар ин бора сомонаи sports-info.ru хабар медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи имсола 16 даста ширкат меварзанд ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори дуюм дар он ширкат менамояд.

Гурӯҳи «А»: ТОҶИКИСТОН, Юнон, Булғория, Эстония.
Гурӯҳи «В»: Латвия, Беларус, Россия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи «С»: Литва, Озарбойҷон, Словакия, Қазоқистон.
Гурӯҳи «D»: Молдова, Словения, Санкт-Петербург, Эрон.

Тақвими мусобиқаи имсола чунин аст:

8 январ (якшанбе)

14:00 – ТОҶИКИСТОН – Юнон
16:15 – Булғория – Эстония
18:30 – Латвия – Беларус
21:00 – Россия – Ҳиндустон

9 январ (душанбе)

14:00 – Литва – Озарбойҷон
16:15 – Словакия – Қазоқистон
18:30 – Молдова – Словения
21:00 – Санкт-Петербург – Эрон

10 январ (сешанбе)

14:00 – Эстония – Юнон
16:15 – Булғория – ТОҶИКИСТОН
18:30 – Ҳиндустон – Беларус
21:00 – Россия – Латвия

11 январ (чоршанбе)

14:00 – Қазоқистон — Озарбойҷон
16:15 – Словакия – Литва
18:30 – Эрон – Словения
21:00 – Санкт-Петербург – Молдова

12 январ (панҷшанбе)

14:00 – ТОҶИКИСТОН – Эстония
16:15 – Юнон — Булғория
18:30 – Латвия – Ҳиндустон
21:00 – Беларус – Россия

13 январ (ҷумъа)

14:00 – Литва – Қазоқистон
16:15 – Озарбойҷон – Словакия
18:30 – Молдова – Эрон
21:00 – Словения – Санкт-Петербург

14 январ (шанбе)

18:30 – бозӣ барои ҷойҳои аз  9 то16  3А – 4В
21:00 – бозӣ барои ҷойҳои аз  9 то16  3В – 4А

15 январ (якшанбе)

14:00 – бозӣ барои ҷойҳои аз  9 то16   3С – 4D
16:15 – бозӣ барои ҷойҳои аз  9 то 16   3D – 4C
18:30 – чорякфинал 1А – 2В
21:00 – чорякфинал 1В – 2А

16 январ (душанбе)

18:30 – чорякфинал 1С – 2D
21:00 – чорякфинал  1D – 2C

17 январ (сешанбе)

14:00 – бозӣ барои ҷойҳои аз  13 то 16
16:15 – бозӣ барои ҷойҳои аз  13 то 16
18:30 – бозӣ барои ҷойҳои аз  9 то 12
21:00 – бозӣ барои ҷойҳои аз  9 то 12

18 январ (чоршанбе)

14:00 – бозӣ барои ҷойҳои аз  5 то 8
16:15 – бозӣ барои ҷойҳои аз  5 то 8
18:30 – бозии нимфиналӣ
21:00 – бозии нимфиналӣ

20 январ (ҷумъа)

14:00 – бозӣ барои ҷойҳои   15-16
16:15 – бозӣ барои ҷойҳои   13-14
18:30 – бозӣ барои ҷойҳои   11-12
21:00 – бозӣ барои ҷойҳои   9-10

21 январ (шанбе)

14:00 – бозӣ барои ҷойҳои   7-8
16:15 – бозӣ барои ҷойҳои   5-6
18:30 – бозӣ барои ҷойҳои   3-4
21:00 – Финал*

23:00-23:30 Расми пӯшидашавии мусобиқа

*бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудаанд

 

А. БӮРИЕВ

Декабрь 20, 2016 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд