Таъиноти кадрӣ
ДУШАНБЕ, 09.12.2016. /АМИТ «ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
Ҳамин тавр мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан раиси шаҳри Сарбанд Чиллазода Қарахон, раиси ноҳияи Темурмалик Гулмаҳмадзода Мирзохон, раиси ноҳияи Фархор Раҳимзода Раъно ва раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Саидумрон Назар аз вазифа озод карда шуданд.
Тибқи фармонҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар Хайрулло — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён, Вализода Сулаймон Кабут — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор ва Самизода Санавбар Зайнулло — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон таъин гардиданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслзода Эмомиддин Муҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин карда шуд.
Ҳамчунин тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Саидумрон Назар — муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






