Татбиқи Барнома: Истеҳсоли асал 3 баробар афзуда, теъдоди оилаҳои занбӯри асал аз 49 ҳазор то ба 179 ҳазор расонида шудааст

Декабрь 16, 2016 14:30

ДУШАНБЕ, 16.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба ҷараёни иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев дар ҷаласаи мазкур изҳор кард, ки соҳаи занбӯрпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади муҳими иқтисодиёти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо шуғл ва беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот мусоидат менамояд.
Бадриддин Садриддинов, вакили Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани Барномаи барқарорсозӣ ва рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 2010 ва Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011-2016 барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли асал дар мамлакат, тамини шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, хусусан сокинони ноҳияҳои кӯҳистон имкониятҳои васеъро муҳайё кард.
«То қабули барномаҳо хоҷагиҳо ҳамагӣ дорои 49 ҳазору 600 оилаи занбӯри асал буданд ва истеҳсоли асал 1 ҳазору 200 тоннаро ташкил медод. Дар натиҷаи татбиқи Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011-2016 ва дастгирии молиявӣ аз буҷети давлатӣ теъдоди оилаҳои занбӯри асал ҳоло ба 179 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 3000 тонна расонида шуд», — гуфт Б.Садриддинов ва илова кард, ки «бо мақсади таъмини иҷрои Барнома дар Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварӣ «Асали Тоҷикистон» сехҳои истеҳсоли муми варақин (вашина) ва қуттибарорӣ ба фаъолият шурӯъ намудаанд».
Ҳамчунин дар доираи Барнома барои бо мутахассисон таъмин намудани соҳа дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон тайёр намудани мутахассисони бахши занбӯрпарварӣ ба роҳ монда шуд.
Зикр бояд кард, ки барои амалишавии Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2 млн 185 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба хоҷагиҳои ВМКБ — 215, вилояти Суғд 447, вилояти Хатлон 815 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1088 оилаи занбӯри асал дода шудааст.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Барномаи мазкур ба зиёд намудани миқдори оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли маҳсулотҳои он, бо маводҳои зарурии соҳа таъмин намудани эҳтиёҷоти занбӯрпарварони ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликият ва фаъолияташон равона карда шудааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаи муҳокимашуда бо дарназардошти таклифу пешниҳод ва эродҳое, ки дар маърӯзаҳо зикр гардиданд, қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул намуданд.

Декабрь 16, 2016 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ташаббуси ободкорӣ анҷом дода шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Қатар барои сарфа ва тоза кардани об технологияҳои нав истифода мебарад
РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Дар Тоҷикистон 8 намуди навъи нави писта ва чормағз парвариш карда мешавад
Дар Шветсия бузургтарин ҷаҳиши солонаи нархи ғизо дар 70 соли охир ба мушоҳида расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад
Моҳи март дар осмон якбора чанд сайёраро дидан мумкин аст
Зарари умумии заминларзаи Туркия аз 105 миллиард доллар гузашт