Татбиқи Даҳсолаи «Об барои рушди устувор»: «Сокинони ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод соли 2017 чашмаҳои хушкгардидаро аз нав тоза мекунанд

Декабрь 31, 2016 12:26

КӮЛОБ, 31.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 пешниҳод шуд. Боиси сарфарозии мост, ки онро Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи худ қабул кард. Қабули қатъномаи мазкур дар ҳоле, ки оқибатҳои хатарноки ивазшавии иқлим, хушкшавӣ ё биёбоншаӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, обхезиҳои шадид ва дигар офатҳои табиӣ, дастрасӣ ба об, паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда ба воситаи ифлос шудани он ва дигар масоили ба он марбут ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, саривақтӣ буда, аҳамияти умумибашарӣ дорад.

Бо дарки ин масъала сокинони ҷамоъати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод мақсад доранд дар соли 2017 чашмаҳои хушкгардидаро аз нав тоза намоянд ва дастрасии сокинонро ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин созанд.

Декабрь 31, 2016 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид