Тоҷикистон аз 1 январи соли 2017 низоми нави электронии барасмиятдарорӣ ва судури раводидро ҷорӣ менамояд

Декабрь 17, 2016 10:02

ДУШАНБЕ, 17.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки аз 01 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ низоми нави электронии барасмиятдарорӣ ва судури раводид дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҷорӣ мегардад.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, низоми нав ба соддагардонии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, қадами навбатӣ барои электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ барои барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва тамдиди раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои заруриро тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj пешниҳод намоянд. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, дархосткунанда аз тариқи почтаи электронӣ ба назди корманди консулӣ барои барасмиятдарории корҳои зарурӣ даъват карда хоҳад шуд.
Бояд зикр кард, ки барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ низ тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj сурат хоҳад гирифт. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, низоми электронӣ ба дархосткунанда аз тариқи почтаи электронӣ тасдиқи даъватро ирсол мекунад, ки он бояд ҳангоми парвоз ва дар бюроҳои консулии Сарраёсати консулӣ дар фурудгоҳҳо ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардад.
Бо мақсади пешгирии нофаҳмӣ, ба маълумоти шаҳрвандон  мерасонем, ки низоми нави электронии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми «Раводиди электронӣ»-и Ҷумҳурии Точикистон вобастагӣ надорад. Чуноне ки маълум аст, «Раводиди электронӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаи интернетии алоҳида — www.evisa.tj сурат гирифта, яккарата мебошад ва ба муҳлати 90 рӯз амал мекунад. Дорандаи он метавонад дар қаламрави кишвар аз санаи воридшавӣ на зиёда аз 45 рӯз қарор дошта бошад. «Раводиди электронӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои фавқулода (форс-мажорӣ).

Декабрь 17, 2016 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид