Тоҷикистону Ӯзбекистон намоиши маҳсулотро ба роҳ мемонанд
ДУШАНБЕ, 29.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи чорумин нишасти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов бо мақсади дар оянда устувор гардонидани муносибатҳои иқтисодии дуҷониба миёни Вазорати муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ, сармоя ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати кишвар иттилоъ доданд, Ёддошти тафоҳумро ҷонишини Вазири муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ, сармоя ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавқат Туляганов ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ба имзо расониданд.
Тибқи Ёддошти тафоҳуми имзошуда, тарафҳо розигии хешро ҷиҳати гузаронидани намоишҳои маҳсулоти ҳарду кишвар баён намуданд. Намоиши маҳсулот моҳҳои марту апрели соли 2017 дар Душанбе ва моҳҳои август-сентябри соли 2017 дар Тошканд гузаронида мешавад.








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






