Воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар нуҳ моҳи соли 2016 695 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 13.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи васеи ҳайати мушовара натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 баррасӣ шуданд.
Дар ин бора аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд.
«То 1 декабри соли равон маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда маблағи умумии 22,1 млрд. сомониро ташкил мекунад. Аз оғози татбиқи лоиҳаҳо то ба 1 декабри соли 2016, 10,8 млрд. сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин 48,6%-и маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаҳои мазкур 2,9 млрд. сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 71%-и нақшаи солона баробар мебошад. Дар ин давра бо шарикони рушд 23 созишномаи нав ҷиҳати амалисозии 13 лоиҳаи афзалиятноки кишвар ба маблағи умумии 234,3 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд»,-хабар дод манбаъ.
Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти расмӣ воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар нуҳ моҳи соли 2016-ум 695,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Аз он 354,4 млн. долларро сармоягузории мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






