22 январ –Рӯзи байналмилалии барф

Январь 22, 2017 08:34

ДУШАНБЕ, 22.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир тақрибан ҳамаи рӯзҳо идҳои гуногунро фаро гирифтаанд. Имсол 22 январ ҳамчун «Рӯзи байналмилалии барф» (World Snow Day) ё худ намудҳои варзиши зимистона  дар ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Аз соли 2012 сар карда, якшанбеи пеш аз охири моҳи январ ба ин рӯз бахшида шудааст. Асосгузори он Федератсияи байналмилалии варзиши лижаронӣ (FIS) ба шумор меравад.

Аз рӯи лоиҳа ва андешаи ин федератсия Рӯзи байналмилалии барф метавонад ба ривоҷу равнақи варзиши лижаронӣ кумак расонад. Шиори «Лаззат бурдан, шинос шудан ва санҷидан» -ро маҳз барои ин намудҳои варзиш ихтисос додаанд.

Федератсияи байналмилалии варзиш соли 1924 дар ҳайати 23 давлат ташкил ёфт ва ҳоло 123 кишвар узви онанд. Қароргоҳи он дар шаҳри  Оберхофен-ам-Тунерзееи Швейтсария ҷойгир аст ва зери парчамаш чемпионатҳои ҷаҳону мусобиқоти байналмилалӣ ва Олимпиадаи зимистона дар риштаҳои гуногуни ба он мансуббуда гузаронида мешаванд.

Тоҷикистон ҳам бо барф вобастагии зиёд дорад. Обҳои мусаффои мо сарчашмаи аввалиндараҷаи худро дар гармо аз барф мегиранд. Гуфтан мумкин аст, ки он боигарии мо ба ҳисоб меравад.

Мавзеи «Сафед- Дара» яке аз машҳуртарин мавзеъҳои зебои намудҳои варзиши зимистона дар Осиёи марказӣ ба ҳисоб меравад ва дар дараи Варзоб ҷойгир шудааст.

Ҳукумати мамлакат баҳри ривоҷу равнақи ин мавзеъ тамоми имкониятҳоро ба тоҷирону сарпарастон вогузор кардааст, ки онро ободу шукуфон кунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири соли гузашта аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» боздид ба амал оварда, дар расми ифтитоҳи биною иншооти нави ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ иштирок карданд. Аён шуд, ки «Сафед — Дара» тарҳи нав ба бар намуда, ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардидааст.

Дар кишварамон Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш амал мекунад ва пайваста бо варзишгаронаш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат менамояд. Ҳоло лижаронҳои мо барои ноил шудан ба литсензияҳои бозиҳои олимпӣ дар Универсиадаи умумиҷаҳонии донишҷӯён, ки дар Қазоқистон баргузор мешавад, тайёрӣ мебинанд. Баъдан онҳо дар мусобиқаи ҷаҳонии лижаронҳо дар Покистон низ ширкат хоҳанд кард.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Илҳом Абдуллоев дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Баҳриддин Ғоибов, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Соҳибназари Турсунмурод  дохиланд.

Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки аз 19 то 26 феврали соли 2017 дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор мешавад, дар Маҷмааи лижаронии кӯҳии «Сафед-Дара»-и ноҳияи Варзоб омодагӣ мегиранд. Онҳо дар рақобатҳои  лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слаломи хурд ва слаломи бузург ширкат хоҳанд кард.

Тавре Муҳаммадшо Абдуллоев, директори иҷроияи Кумитаи миллии олимпии кишварамон арз кард, ду варзишгар — Баҳриддин Ғоибов ва Баракатулло Зокиров — стипендияи олимпӣ дарёфт намуданд. Маблағи якмоҳаи стипендия барои як варзишгар 1500 доллари ИМА-ро ташкил дода, аз 1 ноябри соли 2016 то 1 феврали соли 2018 пардохт карда мешавад.

Дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ ҳудуди 1500 нафар варзишгарону мураббиён ва шахсони расмӣ аз 30 кишвари Осиё иштирок хоҳанд кард. Мусобиқот аз рӯи 11 намуди варзиш — биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорт-трек гузаронида мешавад.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ дар Саппоро 19 феврал дар назар аст.

Боиси тазаккур аст,  шаҳри Саппоро маротибаи сеюм мизбони Бозиҳои зимистонаи осиёӣ мешавад. Аз ин пеш солҳои 1986 ва 1990 дар ин ҷо Бозиҳои зимистонаи қитъавӣ ва дар соли 1972 Бозиҳои XI зимистонаи олимпии ҷаҳон гузаронида шуданд.

Дар Рӯзи байналмилалии барф ё худ иди намудҳои варзишии зимистона ҳамаи варзишгарону дастандаркорони нимудҳои варзиши зимистонаро муборакбод мегӯем.

Аловиддин БӮРИЕВ

Январь 22, 2017 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад