Ҳаким Фузайлов: «Аз натиҷаи қуръакашӣ қаноатмандам»
ДУШАНБЕ, 25.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар маросими қуръакашии бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2019, ки дар шаҳри Абу-Дабии ИМА баргузор гардид, ширкат варзида, аз натиҷаи он қаноатмандӣ изҳор кард.
«Аз натиҷаи қуръакашӣ қаноатмандам. Дар бозиҳои интихобӣ дастаҳо ҳама баробаранд, ба ҷуз дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Урдун, ки дар сабади якум ҷойгир буданд. Дар гурӯҳи мо дастаи сусту заиф нест. Аз ин рӯ бояд бо тайёрии пухта вориди рақобатҳо шавем. Вазифаи мо ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 баромадан аст. Боварӣ дорам, ки мо аз иҷрои ин вазифа баромада метавонем»,-гуфтааст Ҳаким Фузайлов ба сомонаи ФФТ.
Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи қуръакашӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои Филиппин, Яман ва Непал барои ду роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 мубориза мебарад.
Аз рӯи таснифот ё худ раддабандии ФИФА Филиппин дар мақоми 117-ум, Яман дар 149-ум ва Непал дар зинаи 181-ум қарор доранд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






