Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Украина густариш меёбад

Январь 10, 2017 09:53

ДУШАНБЕ, 10.01.2017. /АМИТ Ховар/. Дирӯз Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Виктор Никитюк, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Зикр шуд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 суҳбат намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ дар мулоқот Виктор Никитюк пешниҳод намуд, ки шогирдони муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Украина таҷриба омӯзанд.
Ҳамчунин тарафҳо иброз доштанд, ки дар оянда барои ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Украина тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Январь 10, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд