Бӯстон: соли равон дар кӯчаву хиёбонҳо беш аз 2700 дарахти ҳамешасабзу ороишӣ шинонида мешаванд
Бӯстон, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар шаҳри Бӯстон тибқи нақшаи идораи ободонӣ ва сабзазоркунӣ дар кӯчаву хиёбонҳо ва дигар мавзеъҳои шаҳр баҳри боз ҳам зебо обод гардонидани ҳусни шаҳр ва ҳамчунин ба ифтихори сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ, 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 — солагии Иҷлосияи XVI — Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шинонидани беш аз 2700 бех дарахтони ҳамешасабз дар назар аст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, ҳоло дар миқёси шаҳр корҳои ободонӣ ва шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ оғоз гардида, то даҳаи аввали моҳи январ дар кӯчаву хиёбонҳо, назди хонаҳои баландошёна ва дигар мавзеъҳои шаҳр 500 бех дарахтони ороишӣ шинонда шудаанд.