Бахши ҷавонони шаҳри Норак ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ҷавон семинар доир кард
ДУШАНБЕ, 10.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак дар мавзўи «Дастгирии соҳибкорони ҷавон» семинари омӯзишӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз бахши ҷавонони шаҳри Норак ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд
Дар семинар ҷавонони фаъоли ҷамоатҳои деҳоти Дўконию Пули Сангин, минтақаҳои манзилӣ, корхонаю муассисаҳо иштирок намуда, доир ба афзалият ва камбудиҳои соҳибкорӣ, истифодаи бартарӣ барои ба даст овардани муваффақиятҳо, сифатҳои соҳибкори маваффақ маълумот пайдо намуданд.
Иштирокдорон зикр карданд, ки ин хусусиятҳоро минбаъд дар фаъолияти соҳибкориашон истифода менамоянд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






