Чемпионати Осиё оид ба футзал байни ҷавонон дар Таиланд гузаронида мешавад

Январь 6, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 6.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё оид ба футзал байни ҷавонони то 20 сола, ки дар ин синн бори аввал гузаронида мешавад, дар Таиланд доир мегардад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҳам дар қатори 22 дастаи мунтахаби Осиё аз 9 то 21 май барои Ҷоми мусобиқа мубориза мебарад.
Аз рӯи низомнома дастаҳо баъди қуръакашӣ ба 4 гурӯҳ ҷудо карда мешаванд. Ду гурӯҳ аз 6 даста ва ду гурӯҳи дигар аз 5 даста таркиб меёбанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои оянда роҳхат мегиранд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин синну сол Пайрав Воҳидов ба мусобиқа омода мекунад. Тавре сомонаи ФФТ хабар медиҳад, то оғози бозиҳо футболбозони мо якчанд бозии таҷрибавии худро барпо карда, ба мусобиқа тайёр мешаванд.

Январь 6, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд