Чин дар масъалаи таъмини амният дар минтақа аз ҷойгоҳи намоён бархӯрдор аст
ДУШАНБЕ, 09.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Чин бо мақсади тақвияти амният дар минтақа ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, бахусус терроризм дар минтақаҳои душворгузари Тоҷикистон, ки хатари воридшавии гурӯҳҳои террористӣ вуҷуд дорад, чор дидбонгоҳи наздисарҳадӣ сохтааст. Ин нукта дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 январ зикр гардид.
Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар робита ба ин нукта гуфт, ки Чин дар мавриди таъмини амният дар минтақа аз ҷойгоҳи намоён бархӯрдор аст. Ин кишвар дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ, хусусан Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини суботи минтақа нақши муассир дорад. Зикр шуд, ки бунёди дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ аз ҷониби Чин дар таҳкими сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир мегузорад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






