«Дарахти дӯстӣ биншон…»-иқдоми 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон дар Хуҷанд

Январь 9, 2017 15:47

ХУҶАНД, 09.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 7 январ дар доираи иқдоми ҷумхуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» дар ҳамаи муассисаҳои варзишии шаҳри Хуҷанд шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, иқдоми мазкур вобаста ба дастури шаҳрдори Хуҷанд Шариф Шарифзода ва эълони иқдоми ҷумхуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон ва ҳамчунин бахшида ба эълони соли 2017 соли ҷавонон рӯи кор омада, ҳадафи он ба анҷом расондани корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди муассисаҳои варзишӣ буд.
Дар ин рӯз дар 6 мактаби варзишӣ ва варзишгоҳи «Спартак»-и маркази вилоят зиёда аз 230 нафар ҷавонон, варзишгарон, мураббиён ва кормандони муассисаҳои мазкур иштирок намуда, атрофи мактабҳо ва ҷӯйбору майдонҳоро аз алафҳои бегона тоза намуданд. Ҳашарчиён дарахту буттаҳоро ба тартиб дароварда, зиёда аз 50 дона дарахти ҳамешасабзу ороишӣ шинониданд.

Январь 9, 2017 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд