Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Соли 2016 барои сокинони Хатлон соли бобарор буд»
ҚӮРҒОНТЕППА, 09.01.2017 /АМИТ Ховар/. Имрӯз, 9 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
Зимни нишаст Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба рӯзноманигорон оид ба фаъолияти солона ва тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят маълумот пешниҳод намуд.
«Соли 2016 барои сокинони Хатлон соли бобарор буд. Аз чумла, дар ин муддат сохтмони як зумра корхонаҳои калон ба итмом расид, ки фаъолияти ин корхонаҳо барои ғанӣ гардонидани буҷаи вилоят мусоидат мекунад»,-иброз дошт раиси вилояти Хатлон.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба саволҳои алоҳидаи рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дод.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






